Масоили проблемавии мафҳуми анъанавии мафҳуми методологияи назарияи ҳуқуқ ва унсурҳои таркибии он таҳқиқ карда шудааст. Нуқтаи назари мутахассисони соҳа оид ба истифодаи чунин методҳо дар ҳуқуқ, махсусан дар раванди пешрафти илму техника, ривоҷёбии технологияҳои иттилоотӣ ва бунёд кардани ҷомеаи иттилоотӣ баррасӣ шудааст. Инчунин ҷанбаҳои таърихии бунёд кардани ҷомеаи иттилоотӣ ва истифодаи ҳаматарафаи дастовардҳои технологияи компутерӣ дар ҳуқуқ таҳлил гардидааст. Мавқеи таҳқиқгарон нисбат ба худи мафҳуми методологияи илми ҳуқуқ, инчунин методологияи ҳуқуқ дар ҷомеаи иттилоотӣ мавриди муқоиса қарор гирифтааст.