Сухан дар бораи рақобати ду давлати бузурги аҳди қадим – Рим ва Порт меравад, ки ба муҳоҷирати маҷбурии римиён ба Осиёи Марказӣ оварда расондааст. Қайд шудааст, ки аз соли 53 то 35 то милод аз Ғарб ба Осиёи Марказӣ даҳҳо ҳазор мардон кӯчонида шудаанд. Дар навбати аввал онҳо асирони италӣ, келтҳо, аҳолии Сурия, Фаластин ва давлатҳои ба Ҷумҳурии Рим тобеи Осиёи Хурд буданд. Дар натиҷаи ҷангҳо портиҳо асирони ҳарбии римиро бештар ба тарафи сарҳадҳои шарқии давлат мефиристоданд, ки мақсад аз он пешгирии исёни римиёни муҳоҷир дар маркази мамлакат буд. Қисми зиёди муҳоҷиронро дар Марғиён ҷой дода, дар корҳои хоҷагӣ истифода мебурданд. Маскуншавии халқҳо ва ё гурўҳҳои этникии алоҳида вазъият, тавозуни ин гурўҳҳоро дар минтақаҳои дигар тағйир медиҳад. Муҳоҷиршавӣ чун ҳалқаи муҳимми равандҳои этнофарҳангӣ ба тағйир ёфтани сукунат ва таъсири мутақобилаи фарҳангҳои мухталиф мусоидат кардааст.